Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт оид ба пешгирии бемории коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ дар Марказҳои савдо, бозорҳо ва ҷойҳои серодам миёни аҳолӣ дар шаҳраки Ғарм корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуда, маводҳои иттилоотӣ овезон ва тақсим карда шуд.