Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташакуули тарзи ҳаёти солим” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии иттилоотию фарҳангӣ таҳти шиори “шири модар” беҳтарин ғизо барои тифл гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии ноҳия, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзаш, маориф ва илм, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар рафти чорабинӣ барои иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳо дода шуд.