Ташрифи тими тиббии Лаҳистон оид ба вокуниши таъҷилӣ ба COVID -19 Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба эътино ба бемории Covid – 19 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 6 июн гуруҳи калони тими тиббии Лаҳистонро пазируфт. Меҳмононро дар дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода истиқбол гирифт. Ҳайати мазкури тими тиббии Лаҳистон аз 16 нафар буда, онҳоро се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар назар аст, ки ҳайати тими тиббии Лаҳистон ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба хоҳанд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъд аз ташрифи миссияи техникии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 11 майи соли 2020 сурат гирифта буд, ҳисобот ва тавсияҳо аз ҷониби коршиносони Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Яке аз тавсияҳои он даъвати тимҳои сайёри фавқулодда бо мақсади фаъолияти якҷоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ёдовар мешавем, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Чин — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд. Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тиббии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 ва муолиҷаи гирифторони ин беморӣ пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуданд. Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави Covid – 19 равона карда истодаанд, то ки ҳарчӣ зудтар пеши роҳи гирифта шавад.
Шарҳҳо баста шудаанд.