Таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатии инсон

236

Тағйирёбии иқлим яке аз  таҳдидҳои ҷиддӣ барои саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин тағирёбиҳо метавон офатҳои табиӣ ба монанди мавҷҳои гармӣ, обхезӣ ва хушксолӣ, тағйирёбии шароити обу ҳаво ҳангоми гузариш ба  мавсимҳои гуногуни фасли сол, пастшавии ҳарорат ва  фишори атмосферӣ, ифлосшавии об ва ғизо, инчунин тағйирёбии антропогении иқлимро дохил кард, ки сабаби пайдоиши як қатор бемориҳои ҳассос мегарданд. Ба ин бемориҳо аз қабили Вараҷа ва Данге, камғизоӣ ва дарунравӣ, бемориҳои дил, эндокринӣ, системаи асаб, системаи ҳозима ва ғ. дохил мешаванд, ки омилҳои асосии ба ҳолати латентӣ  оварда расонидани шахс мебошанд.

Таъсири иқлим ба саломатии инсон  дар ҳар минтақаи сайёра гуногун ва нобаробар мебошад. Минтақаҳои асасии осебпазире, ки ба тағйирёбии обу ҳаво вобастагӣ доранд, ин кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки дорои корхонаҳо ва заводҳои калони саноатию истеҳсолӣ мебошанд, давлатҳои хурди ҷазиравӣ, минтақаҳои хушк ва баландкӯҳ,  минтақаҳои наздисоҳилии сераҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Мувофиқи тадқиқотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар Барномаи “Тағйирёбии Иқлим ва Саломатӣ” зеро таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба саломатӣ танҳо дар соли 2019 боиси марги 150 ҳазор одам гардид.

Ғайр аз он, тағйирёбии обу ҳаво, алалхусус тағирёбии ҳарорат ва тағирёбии майдони магнитии заминро ба вуҷуд меорад,  ки  сабаби коҳиш ёфтани фишори атмосферӣ бо афзоиши намии нисбӣ мегардад. Ин тағйирот асосан дар мавсими гузариш аз фаслҳои зимистон ба  баҳор ва тобистон ба тирамоҳ  ба амал меояд, ки барои организми инсон як марҳалаи мушкилгузаранда мебошад. Масалан, дар одамони гирифтори бемории бронхит ва астма ҳангоми нафаскашӣ аз ҳавои намнок бо коҳиш ёфтани фишори атмосфера, шамолҳои шадид ва хунукии шадид таъсири аллергенҳои кимиёвӣ ва биологӣ афзоиш меёбанд.  Дар одамоне, ки фишори баланд ё паст доранд, ки ин дар организм норасоии оксиген ба истилоҳ “гипоксия” – ба вуҷуд меояд.  Бо зиёд шудани намии нисбии ҳаво дар беморони ревматизм нишонаҳои дарди буғумҳо шиддат мегиранд, дар узви босира ҳамлаҳои шадиди гламаукома ба амал меоянд, инчунин пайдоиши бемориҳои пуст  авҷ мегирад.

Одамоне, ки тарзи ҳаёти камҳаракатро  пешаи худ намудаанд, ҳангоми тағйирёбии иқлим фаъолияти системаи асабашон суст шуда, афзалияти нисбии равандҳои ҳаяҷонӣ сабаби баланд шудани сатҳи стресснокиашон мегардад.

Дар давраи тирамоҳу зимистон, дарозии соатҳои рӯшноӣ ва шумораи рӯзҳои офтобӣ низ кам мешаванд,  ки сабаби  зарар дидани руҳияти инсон ва ба ҳолати  депрессионӣ оварда расонидани он мегардад.  Инчунин мутахассисони  соҳаи тиб мушоҳида кардаанд, ки ҳама организм ҳатто солимтарин организм ҳангоми паст шудани рушноӣ ва ҳарорати ҳаррӯза аз 15 дараҷа ба вирусҳои гуногун сироят меёбад. Инчунин маълум карда шудааст, ки авҷи зуком на дар рӯзҳои сармо, балки ҳангоми тағйирёбии ҳарорат ба амал  меояд.

Хушбахтона бисёре аз хатарҳои саломатиро метавон тавассути барномаҳои проффилактиткӣ пешгирӣ кард. Амалҳои муттаҳидшуда оид ба таҳкими унсурҳои муҳими системаи тандурустӣ ва ҳавасмандгардонии роҳҳои рушди солимӣ метавонанд саломатии аҳолиро дар айни замон беҳтар кунанд. Асоси ин барномаҳои проффилактикиро танзим намудани реҷаи дурусти корӣ,  истеъмоли ғизои оқилона, истироҳат, машқҳои ҷисмонӣ, инчунин риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, гигиенаи равонӣ ва ғ. ташкил медиҳад.

Мутахассиси МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарҳи ҳаёти солим” Саёҳати Насриддин

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.