Таъсири варзиш ба ҳаёт ва саломатии инсон

171

Агар шахс хоҳад, ки ҳаёт ва зиндагии худро бе ягон дарду мушкилиҳои зиндагӣ гузаронад, пас ӯро мебояд пурра ба тарзи ҳаёти солим ва машқҳои ҷисмонӣ машғул шавад. Яке аз шартҳои муҳимтарине, ки барои ҳар як фарди солим зарур ва муҳим дониста мешавад ин машғул шудан ба варзиш мебошад. Қаду қомати расо, зебогӣ, устуворию мустаҳкамии дилу рагҳоро танҳо ва танҳо машқу варзиш ҳивз карда метавонад. Барои ҳифзу нигаҳдории солимии бадан, пиёда гаштанро муҳаққиқон яке аз беҳтар намудани тарбияи бадан донистаанд, велосипедсаворӣ, давидан, оббозӣ низ ба мисли пиёда гаштан муфиду судманд ба саломатии ҳар як нафар мебошад.

Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар 50-52 фоиз саломатӣ аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоизи он  аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст. Мутаасифона имрӯзҳо бештари ҷавонону наврасон вақти зиёди худро бо истифода аз телефону бозиҳои компютерӣ ва тамошои оинаи нилгун сипари карда дар фикри тарзи дуруст гузаронидани ҳаёти худ нестанд.

Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда барои беҳдошти саломатии аҳолии ҷомеа ва парвариши насли навраси солиму нерӯманд аҳамияти бузург дорад. Ҳар як фарди солимро мебояд  варзиш кунад ва истеъмоли дурусти ғизо хӯрданро риоя намоянд. Инчунин дар баробари ба машқи бадан машғул шудан ба реҷаи хоб ва реҷаи рӯзгузаронӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Тарзи ҳаёти солим тарзи ҳаётест, ки барои пешгирии бемориҳо ва мустаҳкам кардани бадани инсон бо ёрии  ҷузъҳои оддӣ – ғизои дуруст, машғул шудан ба варзиш, даст кашидан аз одатҳои бад ба шахс метавонад рӯҳияи баланд ва асабӣ ором бахшад. Шумо бояд барои саломатии худ масъул бошед ва дар як рӯз ҳадди аққал сӣ дақиқаро ба кори ҷисмонӣ сарф кунед. Агар шумо ин қоидаҳои оддиро риоя кунед, метавонед аз аксарияти бемориҳо эмин бошед.

Рӯзноманигор: Азиза Саидова

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.