Тавсияҳо оид ба пешгирии бемории ботулизм

140

Ботулизм – ин бемории вазнин ва барои ҳаёт хатарнок буда, метавонад инсонро ба марг оварда расонад ва ба системаи асаб зарари ҷиддӣ бирасонад, ки бештар тавассути истеъмоли маҳсулотҳои консервакунонидашуда ба амал меояд.  

Бемории ботулизм – ин заҳролудшавӣ бо токсини ботулинӣ мебошад ва ба воситаи маҳсулотҳои нодуруст ё нокифоя тамизгардидаи консервакунонидашуда ва нигоҳдошти хона мегузарад.

Барои дуруст консервакунонии ғизо дар хона ҳамавақт:

  • Дар ҳолати консервакунони дастони худро зуд-зуд бо собун шӯед
  • Барои шӯстани дастон, зарфҳои шишагин ва маводҳои ғизоӣ, оби безараршуда (хлорнок) ё ҷушомадаро истифода баред
  • Зарфҳои шишагини тоза ва тамизшудаи нашикаста ва сарпӯши худмаҳкамшавандаро истифода баред
  • Ҳар як маротиба пеш аз истифодабарии зарфҳои шишагин онро тоза карда, дар оби ҷушомада бо маводҳои шӯянда шӯед
  • Зарфҳои холи шишагини тозаро дар миқдори зарурии об ғутонида то ҳарорати 83 градус гарм кунед; то мавриди дар зарфҳои шишагин ҷой кунондани маҳсулот, он бояд дар оби гарм бошад
  • Маҳсулотҳои тоза бе иллат, бе аломатҳои вайроншавӣ ва пӯсишро интихоб намуда, дар оби тоза шӯед
  • Баъзе маҳсулотҳои тару тоза пеш аз коркард бояд тоза карда шаванд масалан (каду, боимҷон,помидор, харбуза ва тарбуз)
  • Усули бастабандии гармро истифода намоед (ғизои нав тайёркардашударо дар давоми 2-5 дақиқа ҷушонида ва зуд дар ҳолати гарм, ба зарфҳои шишагини тамизгардонидашуда ҷойгир кунед)
  • Ба баъзе маҳсулотҳо аз қабили помидор, каду, хӯришҳои сабзавотӣ туршӣ ба монанди ҷавҳари лиму ё сирко илова намоед
  • Дар давоми омодакардан кӯшиш кунед вақти заруриро барои хунукшудан нигоҳ доред
  • Ҳангоми консервакунонӣ дар шароити хона восита ва омилҳои монеъкунандаи афзоиши ба монанди ҳарорати баланд, туршӣ, фаъолнокии об, намак ва бактерияҳои  кислотаи ширӣ истифода намоед.

Дар сурати заҳролудшавӣ ҳарчи зудтар ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат намуда, духтурро интизор шавед.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.