Тозагӣ гарави саломатӣ ва зебогӣ

268

Кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”  оид ба сабзу хурам намудан ва тоза нигоҳ доштани муҳити шаҳр, қитаеро дар Маркази миллии ташхис (Диагностика), дар ихтиёр дорад. Аз ҳисоби навбатдорони Марказ ҳар ҳафта оид ба тозагии қитаи ҷудошуда шанбегӣ гузаронида мешавад. Ёдовар бояд шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тозагии муҳит, ҳайати кормандони Марказ санаи 08. 05. 2021с ҷамъ омада дар қитаи ҷудошудаи Марказ шанбегӣ гузарониданд. Дар кори шанбегӣ ҳайати кормандон гирду атрофи манзилро тоза, бехи дарахтон ва гулҳоро аз алафҳои бегона тозаву нарм намуда ба сабза (газон) обпошӣ намуданд. Дар қитаи ҷудошуда, барои зебогии атрофи бино 15 бех дарахт,  200 дона гулҳои гуногун ва сабза (газон) нигоҳубин карда мешавад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.