Кормандони МД ”Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” имрӯз шанбегии дастаҷамъӣ гузарониданд. Дар рафти чорабинӣ ҳамаи кормандони марказ баҳри беҳбудӣ ва ободонии гирду атроф, тоза намудани утоқҳои корӣ аз чангу ғубор, нарм кардани атрофи дарахтон машғул шуданд. Тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф асоси пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.