Видео-конференсияи ҳисоботи бо директорони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва ноҳияҳои чумҳури дар шароити пандемияи коронавирус

181

Санаи 05 июн аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» вобаста ба пандемияи бемории Ковид-19 бо иштироки мутахассисони Марказ ва директорони  марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳои чумҳури  видео-конференсия гузаронида шуд.

Сухани ифтитоҳии ҷаласаи Шӯрои директорони Марказро директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Мухторова П.Ш. кушода ҳозиринро пазирои намуда, вобаста ба шароити пешомадаи  сироятӣ коронавируси нави Ковид-19 суханрони карда, иброз намуд, ки  «дар шароити имрӯза ҳамагон масъулем, ки вобаста ба пешгирии бемории коронавирус ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳсозӣ ҳар лаҳза миёни аҳолӣ канори мардум бошем. Зеро корҳои фаҳмондадиҳӣ барои маълумотнокии омма мусоидат намуда, онҳоро водор месозад, ки дар ин шароит аз кадом роҳу усулҳо истифода намоянд, то ки ба манфиати кор бошад». Сипас, сухан ба директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дода шуд. Дар навбати худ онҳо аз рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави Ковид-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ дар минтақаҳои худ гузориш доданд. Дар рафти видео-конфренсия маълум гардид, ки тамоми марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ корҳои самаранокро ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии аҳолӣ ба Ковид-19 анҷом дода истодаанд. Дар ҳама чойҳои чамъияти, ки бештар одамон гаштугузор менамоянд, инчунин дар маҳаллаҳо байни аҳоли, ташрифи хона ба хона дар ҳамбастаги бо дигар мақомотҳои давлатии маҳалли маводҳои иттилооти паҳн гардонида шуд.  Ёдрас карда шуд, ки Марказҳо ҳамарӯза тавасути ВАО бо иштирок дар барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва чопи мақолаҳо корҳои оммафаҳмонӣ ҷиҳати пешгирии ин вирус анҷом медиҳанд. Инчуни бо ҷалби мутахассисон ва шахсони ихтиёрӣ тавассути нақлиётҳо бо баландгӯякҳо кӯча ба кӯча гашту гузор намуда, ҳар лаҳза аз риояи қоидаҳои пешгирии вируси Ковид-19, яъне ин гигиенаи шахси ва ҷамъияти, риояи фосилаи иҷтимои, бениқоби муҳофизати дар берун гаштугузор нанамудан  ба аҳолӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳамин тавр, видео-конференсия бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои ҳадафрас, инчунин супоришҳои мушаххас аз ҷониби роҳбарияти Марказ анҷом ёфт.

Видео-конференсияи ҳисоботи бо директорони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва ноҳияҳои чумҳури дар шароити пандемияи коронавирусВидео-конференсияи ҳисоботи бо директорони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва ноҳияҳои чумҳури дар шароити пандемияи коронавирусМарказ хотирасон мекунад, ки худ ва наздиконатонро аз ин вирус ҳифз намоед: қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя кунед, бе ниқобҳои муҳофизатӣ ба берун набароед, аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худорӣ намоед, ҳангоми суҳбат  аз 1,5 то 2-метр фосила гиред ва як муддат аз рафтан ба меҳмонӣ, бо даст салом додан, ба оғӯш кашидан ва бӯса кардан даст кашед!

Шарҳҳо баста шудаанд.