Zoj.tj 22.12.2020c Бо ташаббуси роҳбари МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтарова Парвина Шавкатовна, роҷеъ ба ҷамъбасти сол ва “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020” бо директорони “Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тавассути шабакаи интернетӣ онлайн видео-конфренсия баргузор карда шуд.
Дар ин видео-конфренсия директорони “Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз корҳои иҷро намудаи худ дар соли ҷори ҳисоботи кутоҳ дода, вобаста ба “Барномаи нави миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2020-2025” фикрҳои худро пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби роҳбари Марказ Мухтарова П.Ш. таъкид гардид, ки вазифаи асосии мо таъмин намудани аҳолӣ бо иттилоотҳои саҳеҳ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри-сироятӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо аҳолӣ тавре дар робита бошед, ки омма дарк намояд, ки пешгирии кулли бемориҳо чигуна пайгири карда мешавад, зеро дарки омма натиҷаи кори мо ба шумор меравад. Инчунин дархост карда шуд, ки дар тули ҳафта ҳар он коре, ки анҷом дода мешавад ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Ҳаминтариқ анҷоми видео-конфренсия бо саволу ҷавоб ва тавсияҳои муфид хотима ёфт.