Бо ташаббуси роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтарова П.Ш, оид ба баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва сари вақт огоҳ намудани мардум вобаста ба хатари бемориҳои сироятӣ аз ҷумла Ковид-19 бо намояндагони васоити ахбори омма ва директори Муассисаи байналмилалии тандурустӣ ва омӯзиш дар ИМА Ораш Алоӣ вохӯрӣ анҷом дода шуд. Дар ин вохӯрӣ дар мавриди ҷонок намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳияи барномаҳои ҷолиби тиббӣ дар телевизион ва радио инчунин чопи мақолаҳо дар ҷумҳурӣ машваратҳои дуҷониба сурат гирифт.