Вохӯрии корӣ дар мавзӯи “Пешгирии бемории сил ва ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ”

276

Вохӯрии корӣ дар мавзӯи “ Пешгирии бемории сил ва ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ” бо намояндагон аз ширкатҳои ҳавопаймои “Сомон-эйр”, “Тоҷик-эйр”, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Маркази мубориза бар зидди ВНМО, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, МДК “Душанбехадамотнақлиётрасон”, Созмони байналмилалии Муҳоҷират дар ҶТ ва Ташкилоти байналмилалии ICAP дар ҶТ . Дар ин мулоқот доир ба ҷойгир намудани мониторҳои алоҳида дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд , ки дар он видеомаводҳо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемории сил ва ВНМО пахш гардонида мешавад ва инчунин варақаҳои иттилоотии оид ба бемории сил ва ВНМО, ки дар дохили тайёраҳои фурудгоҳ ҷойгир карда мешаванд, сӯҳбат намуданд.

Насби баннер дар мавзӯи “Пешгирии бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ” дар фурудгоҳи байналмилалӣ ва Истгоҳи Роҳи оҳани ш. Душанбе, баннер оид ба “Пешгирии ВНМО” дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кулоб ва Бохтари вилояти Хатлон.

Шарҳҳо баста шудаанд.