Вохӯрии Вакили халқи шаҳри Душанбе Мухтарова П.Ш бо сокинони маҳалаи Озодии занон ва Обчакорон

634

Вакили халқи шаҳри Душанбе Мухтарова Парвина Шавкатовна дар якҷоягӣ бо намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Наботов Шукрулло ва Азизов Азизҷон бо сокинони маҳалаи Озодии занон ва Обчакорон, ки ин маҳалаҳо қаблан ба ноҳияи Рудакӣ тааллуқ дошт ва ҳоло ба ҳудуди шаҳр ворид гардид вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин вохӯрӣ бо сокинон оид ба ватандорию ватандустӣ, ободкорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд, тоза нигоҳ доштани муҳити зисти манзил, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, риояи қойдаҳои беҳдошт (гигиенаи шахсӣ), ба таҳлука дода нашудан, гирифтани воксина бар зидди бемории коронавирус ва бовар накардан ба харгуна хабарҳои ғайри расмӣ суҳбат андом дода шуд. Дар фарҷоми ин вохӯрӣ сокинон ва иштирокчиён баъд аз шунидани маърузаҳо ҷиҳати беҳбудии маҳалаҳо ба савол ва пешниҳодҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.