Аз тариқи барномаҳои гуногуни телевизиону радио ҳар рӯзу ҳар соат мешунавем, аз сомонаву рӯзномаҳо мехонем, ки коронавирус торафт дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад. Ташкилоти Умимиҷаҳонии Тандурустӣ паҳншавии коронавирусро эътироф намуд ва аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, ки барои пешгирии он тамоми чораву тадбирҳоро биандешанд. Аслан касе гумон намекард, ки вируси дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Хитой пайдошуда дар як муддати кӯтоҳ дунёро ба ларза меорад. Дар тӯли каме бештар аз сею ним моҳ коронавирус беш аз ду миллион сокинони кишварҳои гуногунро сироят намуд. Пешрафтатарин мамлакатҳои ҷаҳон дар илоҷи ин беморӣ душворӣ мекашанд ва роҳи наҷот меҷӯянд. Беҳтарин пажӯҳишгоҳҳои тиббии кишварҳои гуногун ба омӯхтани сабабҳои сар задани ин вирус ва пешгирии он равона карда шудаанд, табибон аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода мебаранд, ки гирифторони ин вирусро аз ин дард наҷот диҳанд. Дар асл дар давраи эпидимияи ҷаҳонӣ ҳеч кишваре набояд бетараф ва беғараз бошад, гузашта аз ин ҳар як шаҳрванд низ роҳҳои ҳифзи хеш ва наздикону пайвандонро бояд бидонад.
Бо мақсади ҳарчи бештар воқиф сохтани мардум аз сирояти бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз он директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторова ва мудири шуъбаи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва берунии ҳамин Марказ Сурайё Анварова аз 12-ум то 19-уми апрели соли 2020 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд. Тайи ин рӯзҳо дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯминобод, Кӯлоб, Ховалинг, Балҷувон, Восеъ, Темурмалик, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Бохтар, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Хуросон вохӯриву сӯҳбатҳо баргузор гардиданд. Мақсад аз ин диду боздидҳо маълумоти саҳеҳ додан ба мардум оид ба коронавирус, роҳҳои паҳншавии беморӣ ва пешгирӣ, усулҳои паст намудани хатари сироят буд. Дар ҳама ноҳияҳо бо кормандони шуъбаҳои маориф, ҷавонон, муҳоҷират, занон, кормандони дин, мақомоти маҳаллӣ ва мақомотҳои иҷроияи ноҳияҳо вохӯрию сӯҳбатҳо доир гардиданд. Меарзад зикр намуд, ки ҳама масъулини идораю ташкилотҳо дар бораи коронавирус маълумоти кофӣ доранд, хатар ва оқибатҳои ин бемориро бо камоли масъулият дарк мекунанд ва аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд, ки ин вабои аср аз сари мардум дур бошад. Истиқболи гарму самимии роҳбарон, бахусус раисони ҳукумати ноҳияҳо, ёрию мадади онҳо дар ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки роҳбарон аз чӣ гуна беморӣ будани коронавирус пурра огоҳанд ва дар роҳи пешгирии он аз тамоми чораву имкониятҳо истифода мебаранд.
Хавфу хатари коронавирус ҳоло аз сари инсоният дур нашудааст. Аммо бо ин ҳама аз ин ё он гӯшаи дунё муждаи нек мерасад, ки сатҳи коронавирус кам бошад ҳам, коҳиш ёфта истодааст, кишварҳои ҷаҳон як-як аз карантин озод мешаванд, истеҳсолот ба кор оғоз мекунад. Пирӯзии комил ба ин вабои аср пурра ба даст наомадааст, аммо умед ҳаст, ки мардуми ҷафодида аз ин бало раҳо меёбанд, муносибатҳои иқтисодӣ барқарор мегарданд, кишварҳо рушду инкишоф меёбанд. Мушкиле нест, ки ба он зафар наёфта бошад, мо бо умеди ҳамин зафар кору зиндагӣ мекунем ва хушбахтию хушрӯзии тамоми мардуми ҷаҳонро бесаброна интизорем.
Шарҳҳо баста шудаанд.