Ягона роҳи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 ваксинатсия мебошад

240

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ваксина бар зидди бемории коронавирус COVID-19 идома дорад. Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сирояти мазкур маънидод мекунанд. Илми муосир низ собит намудааст, ки ягона роҳи мубориза бо бемориҳои сироятӣ ваксинатсия маҳсуб мешавад.  Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст барои мустаҳкам намудани масунияти бадани худ аз ваксинаҳое, ки мавҷуд ҳастанд истифода намояд.

Ба зикри сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров занҳое, ки кӯдакони ширмак доранд ё ҳомиладоранд, нафароне, ки дар онҳо баландшавии ҳарорат, хуруҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ мушоҳида мешавад,  ваксинатсияи зидди бемории COVID-19   ба таъхир гузошта мешавад.  Ғайр аз шахсони зикршуда  гирифтани ваксина  ба дигар  шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд,  ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.  Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

«Инчунин нафароне, ки   дар давраи ваксинагирӣ ба COVID-19    сироят ёфтаанд пас  аз гузашти 6 моҳ баъд аз барқарор гардидани саломатӣ ваксина мегиранд»,- афзуд Наврӯз Ҷафаров.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми  он 25 май  оғоз гардид. Инчунин шурӯъ аз 24 июн маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сирояти коронавирус миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз шуда, имрӯз низ идома дорад.

Бояд тазаккур дод, 14 июл  дар кишвар 13958 нафар гирифторони сирояти коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13600 нафар (97,4%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 109 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байни ҳамдигарро қатъиян риоя намоянд.

                                                                  МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.