Фалаҷ бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандаи он се навъи энтеровирусҳо – полиовирусҳои намуди 1,2 ва 3 мебошанд. Вируси мазкур мағзи сарро сироят намуда, сабаби фалаҷи якумра мегардад ва ба марг оварда мерасонад.
Ба андешаи мутахассисон бемории фалаҷ табобатнашаванда буда, танҳо бо истифода аз иммунизатсияи зидди бемории мазкур метавон онро пешгирӣ кард. Бемории мазкур аз шахс ба шахс тавассути муошират гузашта, дар муддати кўтоњ метавонад байни ањолї пањн шавад ва кўдакон хатари бештари гирифторшавї ба бемориро доранд.
Бино ба андешаи мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази љумњуриявии иммунопрофилактика”ягона роҳи пешгирии бемории фалаҷ иммунизатсия мебошад. Њоло ду намуди ваксинаҳои зидди бемории фалаҷ: ваксина ба тариқи даҳон истифодашаванда (ОПВ) ва ваксинаи ғайрифаъолкардашуда (ИПВ) мавҷуд мебошад. ОПВ бо воситаи ду қатра ба даҳони кӯдак чакконида мешавад ва ИПВ тариқи сӯзандору гузаронида мешавад. Њарду ваксинаҳо барои муҳофизати кӯдакон аз бемории фалаҷ истифода бурда мешавад, ки онҳо бехатар ва самаранок мебошанд.
ОПВ– масуниятро дар рўда ва ИПВ – масуниятро дар хун пайдо месозад. Барои баланд бардоштани масунияти кўдакон ва муњофизат намудани онњо аз бемории фалаљ ваксинаи мазкур якчандмаротиба гузаронида мешавад.
Ба зикри мутахассисон, мутаасифона дар Љумњурии Тољикистон то њол кўдаконе во мехуранд, ки ваксинаи зидди бемории фалаљро нагирифтаанд. То он замоне, ки дар кишварњои эндемикї ба монанди Афѓонистон ва Покистон вируси фалаљи намуди 2 гардиш дорад, Тољикистон зери хатари воридоти он ќарор дорад. Ягона роњи муњофизати кўдакон ин пурзўр намудани чорабинињои пешгирикунандаи иммунизатсионї бо истифода аз ваксинањои зидди бемории фалаљ мебошад.
Тавре намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустї дар Тоҷикистон Виктор Олшавский зимни яке аз суханронии худ гуфт, бемории фалаҷ табобатнашаванда аст, вале аз он метавон пешгирӣ кард.
“Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи зидди фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавон бо ин роҳ кӯдакро пурра аз ин сироят муҳофизат намуд”, – гуфт Виктор Олшавский.
Тавре ба њамагон маълум аст, моњи марти соли 2021 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар сомонаи худ аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон хабар дод. Он ваќт сабаби пайдоиши ҳолатҳои сироятёбии кӯдакон ба вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 –ро сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба сари вақт ваксинатсия нашудани кӯдакон рабт дод.
Мавсуф афзуд, ки ҳолатҳои гирифторшавӣ ба фалаҷи кӯдакона, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, нишон доданд, ки ин беморӣ хусусан дар кӯдаконе пайдо шудааст, ки ба ваксинатсия сари вақт фаро гирифта нашудаанд. Тибқи тақвими миллии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат татбиқ карда шудааст, бояд кӯдакон пурра ба ваксинаҳое, ки пешбинӣ шудаанд, бо назардошти ба таъхир наандохтани муҳлати қабули ваксина фаро гирифта шаванд. Вале, мутаассифона, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки волидайн аз эмкунии кӯдаконашон даст мекашанд ё ин ки нафарони калонсоли хонавода намегузоранд, ки кӯдакон бо ваксинатсия фаро гирифта шаванд.
«Тақвими миллии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда барои ҳимояи кӯдакони аз давраи таваллуд то 6-сола нигаронида шуд. Кӯдаконе, ки тибқи тақвими миллӣ ҳама намуди ваксинаҳоро сари вақт қабул мекунанд, аз ин гуна маризиҳо эмин буда, ба онҳо беморӣ таҳдид намекунад. Вале он нафароне, ки бо ваксина фаро гирифта намешаванд, ҳангоми интиқоли вирус ба мамлакат ин кӯдакон мавриди ҳадафи вирус қарор гирифта, ба фалаҷ мубтало мешаванд»,-гуфт номбурда.
Њоло дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ оид ба вокуниш ба ҳодисаҳо ва ё ин ки хурӯҷи ҳама намуди полиовирусҳо амал мекунад. Вазорат бо истифода аз ин стратегия дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба дарёфти фаъоли ҳодисаҳои гумонбаршуда ва тақвияти он фаъолият намуда, гардишҳои хонагӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо мақсади дарёфт намудани ҳодисаҳои ба фалаҷ монанд, ғайр аз ин дарёфти кӯдакони аз иммунизатсия бозмонда ва бо иммунизатсия фаро гирифтани онҳо роњандозї намудааст.
Бо ин маќсад аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли 2021 дар мамлакат маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷ дар ду давра баргузор гардида, беш аз 1 миллиону 285 ҳазору 99 кӯдак эм карда шуданд, ки ин 99,2 фоизи шумораи банақшагирифтагонро ташкил медињад.
Бемории полиомиелит ё худ фалаљи кўдакона ҳоло дар ҷумҳуриҳои Покистон ва Афғонистон хеле паҳншуда мебошад. Аз ин рў ҳар як падару модарро лозим меояд, ки аз ин беморї огоҳ бошад ва ба саломатии фарзанди худ диққати ҷиддӣ диҳад. Волидайн набояд нисбат ба саломатии фарзандон бетафовут бошанд. Бояд онњо тибқи паспорти иммунизатсияе, ки баъд аз таваллуд ба ҳар кӯдак дода мешавад, кор баранд. Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои таваллудӣ ба дунё меоянд, соатҳои аввали пас аз таваллуд бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ тариқи чаконидан ба даҳон фаро гирифта мешаванд ва пеш аз рухсатшавӣ аз таваллудхона ваксина бар зидди бемории сил ба кӯдак тазриқ карда шуда, он дар паспорти иммунизатсионӣ сабт ва ба дасти модар супорида мешавад. Тибқи нишондиҳандаҳое, ки дар паспорти иммунизатсионӣ мавҷуданд, бояд кӯдакон бар зидди ин ё он намуди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда эм карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми интиқоли полиовирусҳо тавассути даҳон он ба организм ворид шуда, дар рӯдаи кӯдак рушд меёбад. Сипас он аз рӯда ба хун ва аз хун ба системаи асаб дода мешавад. Ҳангоми дар системаи асаб ҷойгир шудани вирус ин ё он узвҳои бадани кӯдак фалаҷ мегарданд.
Нишонаҳои фалаҷи кӯдакона таби баланд, дарди гулў, дилбењузурӣ, дардмандӣ дар қисми шикам, беиштиҳоӣ ва сустии бадан мебошад. Дар натиљаи беаҳамиятӣ зоҳир намудан нишонаҳои дигар низ пайдо шудан мегиранд.
Давраи сироятёбӣ то саршавии фалаҷшавӣ ба ҳисоби миёна аз 7 то 10 рўзро (дар баъзе мавридҳо аз 4 то 35 рўз) дар бар мегирад. Ин вирус ба нафари масунияти пастдошта зуд сироят мекунад.
Ҳаёти солим