Зарари тамоку ба саломатии инсон

177

 Ҳамасола дар ҷаҳон 31 май Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни сигор гузаронида мешавад. Тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии гирифторӣ ба ҳар гуна беморӣ ва фавт маҳсуб ёфта, ба гуфтаи мутахассисон, дар як дона тамоку беш аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд мебошад. Аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон ба ҳисоб мераванд.

Ба зикри мутахассисони соҳаи тиб тамокукашӣ ба саломатии инсон зарари калон дорад. Он яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин буда, ҳангоми воридшавии дуди тамоку ба организми инсон он ба вайроншавии торҳои асаб, ки узвҳои дохили баданро идора мекунанд, оварда мерасонад.

Гуфта мешавад, ки  тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас буда, ба иттилои СУТ ҳамасола қариб 8 млн. нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд. Ҳоло фавти аз ҳама бештар дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ шуда, вусъати имрӯза ва ояндаи эпидемияи никотинӣ дар тамоми ҷаҳон  аз зарурати қабули чораҳои байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку Ҳукумати мамлакат чораҳои муҳимро рӯи кор гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» -ро дар таҳрири нав қабул намуд. Қонуни мазкур ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона шуда, истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»  кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо шудаанд, иҷозат дода мешавад.

Баҳри пешгирӣ аз истеъмоли тамоку  моро лозим меояд, ки  корҳои фаҳмондадиҳиро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, байни наврасон ва ҷавонон пурзур намоем.

Ба гуфтаи мутахассисон имрӯзҳо шумораи занҳое, ки рӯ ба истеъмоли тамоку меоранд зиёд ба нзар мерасад. Истеъмоли тамоку барои  занон нисбат ба мардон хатари бештар дорад. Зеро организми онҳо нисбат ба мардҳо заифтар мебошад. Бояд гуфт, ки  истифодаи маҳсулоти тамоку ҳангоми  ҳомиладорӣ на танҳо ба организми модар, балки ба саломатии тифли дар батни ӯ буда  хатар дошта, кӯдакон бо нуқсонҳои гуногун  тавлид мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар мамлакатҳои мутараққӣ ба масъалаи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос хеле маъмул аст. Истеъмоли нос низ сабаби  бемориҳои саратони лаб, забон ва гулӯ мегардад. Ҳангоми кашидани нос як қисми он ба меъда рафта,  шахс метавонад  ба бемориҳои илтиҳоб ва захми меъда гирифтор шавад. Муҳаққиқон таркиби носро ташхис карда, ошкор намуданд, ки дар   он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок мавҷуданд.

                                                               МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.