Зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, барангезандааш вирус баҳисоб меравад. То ҳол олимони соҳаи тандурустӣ зиёда аз 2000 навъи вируси зукомро муайян кардаанд. Аз рӯйи маълумотњои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол зуком дар ҷаҳон боиси ба бемориҳои вазнин дучор шудани 3-5 миллион нафар мегардад. Бештари вақт ба ин бемори кӯдакону пиронсолон, ки масъунияти паст, яъне иммунитети заиф доранд гирифтор мешаванд.
Ин беморӣ дар ҳар як мавсим метавонад ба одамон таъсири худро расонад. Дар мавриди нишонаҳои бемории зуком Сардори шуъбаи Муассисаи давлатии марказӣ Ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббӣ оилавӣ Фирдавс Раупов, мегуяд, ки «бемории вирусии зуком нисбати бемории шадиди роҳҳои нафас фарқияти зиёд дорад, ки бисёре аз беморон фарқияти зукомро аз бемории шадиди роҳҳои нафас надониста ба ҳаргуна худмолиҷакунӣ даст мезананд».
Аломатҳои бемории зуком ин сустии умумии бадан, дарди сар, арақкунӣ, таби баланд, беҳолӣ, бемадории умумии бадан, рафтани оби бинӣ ва сулфа дар бемор дида мешавад.
Ба гуфтаи Фирдавс Раупов «дар фасли баҳор ва дар фасли зимистон сиситемаи организми инсон ба масъуният яъне «иммунитет» талаботи зиёд дорад. Дар ин ҳолат инсон метавонад аз микроэлементҳое, ки дар таркиби меваю сабзавот мавҷуд аст, зиёд истифода барад».
Акушер гинекологи Муассисаи давлатии Марказӣ милии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунафша Муродалиева изҳор медорад «бемории зуком барои занони ҳомила ва тифлии дар батни модар буда хатари бисёре дорад. Чун дар ин давра системаи худмуҳофизатии организим ба андозае суст шуда, бо назардошти тағийротҳои физеологии давраи ҳомиладорӣ ҳаҷми умумии шушҳо кам шуда нафаскашӣ кўтоҳ ва ё руйяки гашта адади ҳаракатҳои нафаскашӣ ба андозаи 10% меафзояд. Ин ҳолат ҳасосияти зани ҳомиладорро ба бемориҳои респераторӣ ва пайдоиши оризаҳо баланд мегардонад».
Албатта занҳои ҳомиладор аз ҷумла ҷавонон ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ набояд бетаваҷҷўҳӣ зоҳир намоянд. Чуноне, ки мутахассис мегуяд «Ин бемори махсусан дар давраи се моҳаи авали ҳомиладори, ки дар ин давра пайдоиш ва рушди узвҳои асосии кӯдак ба амал меояд метавонад ба нӯксонҳои инкишофи тифл ва ба исқоти ҳамл оварда расонад. Дар се моҳаи дуюм ва сеюм бошад сабаби вайроншавии гардиши хуни ҳамроҳак, камобӣ, бисёроби ва валодати пеш аз муҳлат мегардад. Дар ҳолати пайдо шудани аввалин нишонаҳои сироят, худмуолиҷа накарда ба табиби оилави муроҷиат намоянд».
Сармутахассиси шуъбаи гиёҳдармонии Маркази Ҷумҳуриявии тиббӣ халқии Корхонаи воҳиди давлатии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Саидшарипов зикр мекунанд «барои табобати бемории зуком дар Тоҷикистон бисёр гиёҳҳое мавҷуд аст, ки бемор метавонад бо он худро муолиҷа намояд. Гуфтан зарур аст, ки табиати кишвари мо саршор аз сарватҳои табиӣ, растаниҳои нодир ва гиёҳҳои шифобахш бой аст. Ҳар як инсон дар муҳофизати табиат ва сарватҳои он аз қабили иқлими мусоид, оби шаффоф, ҳавои тоза, ва муҳити зист саҳми худро бояд гузорад.
Инчунин номбурда зикр намуд, ки «Дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 намуди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба қайд гирифта шудааст, ки метавон бо он ҳаргуна маҳлулҳо омода намуд. Яке аз маъмултарин гиёҳе, ки дар ватани азизамон мавҷуд аст, ин сипанд ва решаи аҷик мебошад, ки бо ин гиёҳҳо метавон зукомро бартараф намуд».
Дар мавриди пешгири намудани, тамоми бемориҳо олимони соҳаи тиб, тавсияҳои зиёд додаанд ва яке аз тавсияҳое, ки ба бемор нагаштани инсоният мусоидат мекунад, сари вақт пешгири намудани он ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри саломатии хеш бетараф набошем ва солимии худро ҳифз намоем.
Таҳияи Азизаи Саид
Шарҳҳо баста шудаанд.